ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, роҳбари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", Дмитрий Киселёвро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
Вай махсусан қайд кард, ки дар майдони Смоленск муносиботи санҷидаи замонро қадр мекунанд.
"Аз номи кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 70-солагиатон самимона табрик мегӯям. Шумо тақрибан ним аср аст, ки дар соҳаи журналистикаи касбӣ пурсамар кор карда истодаед", - омадааст дар паёми шодбошӣ.
Лавров маҳорати қалам ва каломи Киселёв ва кори ӯро дар гузориши иттилооти дақиқ ва муосир дар бораи рӯйдодҳои кишвар ва берун аз он таъкид кард.
Вазир афзуд, ки Киселёв ба ҳайси раҳбари яке аз бузургтарин медиахолдингҳои кишвар "бо равиши беҳамто ва созанда дар таҳкими мавқеи кишвари мо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ саҳми бузурги шахсӣ мегузорад".
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ мудири кулли гурӯҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёвро бо 70-солагии зодрӯзаш табрик гуфт.
Лукашенко қайд кард, ки дар Беларус Киселёв ҳамчун як соҳибкасби ҳақиқӣ маъруф аст, ки ҳаёти худро барои дифоъ аз манфиатҳо ва таблиғи имиҷ ва дастовардҳои давлатдории муосири Русия дар муҳити расонаӣ бахшидааст.
Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл низ дар паёми табрикӣ саҳми ӯро дар истиқрори арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ зикр намуда, ӯро бо ордени "Сергийи муқаддаси Радонеж" дараҷаи 1 сарфароз гардонд.