ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мушкили барқрасонӣ, ки аз зимистон то оғози фасли баҳор дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома кард, ба гароншавии нархи баъзе молҳои бозорӣ таъсири амиқ боқӣ гузоштааст.
Аз ҷумла ба генераторҳо (движок)-и бензинӣ, ки сокинони касбу кори гуногун дар вақти қатъи барқ манзилу коргоҳҳо аз онҳо истифода мекунанд.
Сокинон дар навоҳии Суғд мегуянд, бебарқиҳои имсол бозори харидуфурӯши ин таҷҳизотро “гарм” кард.
Файзуллоҷон Раҳматов, устои мебел дар Хуҷанд гуфт, ки нархи чунин таҷҳизот дар бозорҳо якбора 30 – 50 % гарон шуда, марзи 3600 сомониро убур кардааст.
“Як движоке, ки ҳамин чор ё панҷ моҳи пеш 2, 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошт, якбора ба 3 ҳазор сомонӣ боло рафт”, – иброз намуд, усто.
Ин сокини Хуҷанд мегуяд, барқ барои онҳо барин устоҳо, ки аз чӯбу тахтаҳо мизу курсӣ ва рахтҳои хоб месозанд, хеле муҳим аст. Зеро барои рангубори тахтаҳо таҷҳизотҳое (барои мисол компрессор) истифода мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо барқ кор мекунанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозорҳои бузурги Суғд рафта дар бораи гароншавии нархи таҷҳизоти барқдиҳанда ва муҳимияти барқ ҳамчунин бо сокинони касбу кори гуногун суҳбат кард.
Бино ба мушоҳидаҳо зимнан арзиши движокҳои дорои иқтидори 1,2 кВт 1200 сомонӣ, 2,5 кВт 2800 сомонӣ ва 3,5 кВт ба 3600 сомонӣ баробар шудааст.
То як соли пеш ҳар кадоме ин навъ таҷҳизот аз 800 – 3000 сомонӣ арзиш дошт. Аксари харидорон аз баландшавии чунин нархҳо дар бозор изҳори нигаронӣ мекунанд.
Лимити барқ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли 2023 аз деҳот оғоз гардида, дар фасли зимистону оғози баҳори соли ҷорӣ шадид гардид ва ғайриинтизор сарторсарӣ шуд.
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” чунин вазъи баамаломадаро дар камшавии ҳаҷми об дар обанбори Норак шарҳ доданд. Дар ҳамин ҳол сокинон мегуянд, назар ба рӯзҳои қаблӣ реҷаи интиқоли барқ як каме беҳтар шуда, вале ҳанӯз маҳдудиятҳои барқрасонӣ пурра бартараф нашудааст.