Узвияти Тоҷикистон дар ИИАО ба муҳоҷиронаш чӣ таъсир хоҳад дошт? Посухи коршинос

Барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон озодии ҳаракати нерӯи корӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бурд аст, чун аз ҳимояи бештар бархӯрдор хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Узви Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба вазъи муҳоҷирони тоҷик таъсири мусбат хоҳад дошт.
Ин андешаро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, барои шаҳрвандони одӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, фаъолияти мунтазами каналҳои муҳоҷирати корӣ муҳим аст. Шароити имтиёзӣ низ фароҳам аст, афзуд коршинос.
Узвияти Узбекистон ба ИИАО барои Тоҷикистон чиро тағйир медиҳад? Назари коршинос
"Дар доираи ИИАО ба истилоҳ чаҳор озодӣ вуҷуд дорад - ҳаракати мол, хизматрасонӣ, сармоя ва муҳимтар аз ҳама дар мавриди Тоҷикистон ин нерӯи корӣ мебошад, ки аз амнияти бештар бархӯрдор хоҳанд буд", - гуфт Коренев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Дар миёнаҳои моҳи август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.