Эҳтимоли раъду барқ: ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистону чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 24 дараҷа, дар Хатлон то 28, дар Суғд то 29 дараҷа ва Душанбею атрофи он то 26 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар бархе навоҳӣ раъду барқ ба амал ояд.
Дар ВМКБ дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр борону барф дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24 дараҷа гарм мешавад. , дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 204 хонавода зарар расонд
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳию-доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар баъзе ноҳияҳои Хатлон борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои тобеаи марказ эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мегардад.
Душанберо низ борони кӯтоҳмуддат интизор буда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт шабона 13+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм дар назар аст.