Рустами Эмомалӣ сокинони Душанберо бо Рӯзи пойтахт табрик кард

Душанбе симои давлату халқи бостонии тоҷиконро ба таври кофӣ инъикос мекунад, боварии комил дорад, раҳбари шахр
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе сокинонро бо Рӯзи шаҳр табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.
Раиси шаҳр мутмаин аст, ки пойтахт симои давлату мардуми бостонии тоҷиконро ба таври кофӣ инъикос мекунад.
"Душанбе шаҳри мо, хонаи умеди мост, мо онро дӯст медорем ва ифтихор дорем, ки ин ҷашн, ба мисли худи пойтахти зебою дилорои мо кулли сокинони кишварамонро сарҷамъу муттаҳид месозад.", - афзуд Рустами Эмомалӣ.
Ӯ ба ба аҳолии шаҳр бахту саодат ва умри дароз орзу кард.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз насли ҷавону калонсол Душанберо дӯст медоранд ва ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои он арҷгузорӣ мекунанд.
Раиси шаҳр изҳори итминон кард, ки сокинони бофарҳанги пойтахт минбаъд низ бо риояи маданияти баланди шаҳрдорӣ ва донишу маърифати волои инсонӣ намунаи беҳтарини шаҳрнишинро нишон медиҳанд.
Қарори баргузории нахустин Гран-Слами Душанбе имзо шуд
Бахшида ба Рӯзи шаҳр дар Душанбе ниммарафони XIV байналмилалӣ баргузор мешавад. Ба ин далел, дар як қатор кӯчаҳои пойтахт ҳаракати нақлиёт баста шудааст.
Дар он варзишгарон аз Қазоқистон, Узбекистон ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбии Точикистон иштирок доранд.
Ниммарафон ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) дохил карда шудааст. Аввалин ниммарафони Душанбе (21 км 97,5 м) соли 2010 баргузор шуда буд.