Расонаҳо аз шикасти эҳтимолии музокироти Ҳамос ва Исроил хабар доданд

Шабакаи телевизионии Миср "Ал-Қоҳира ал-Ихбория" қаблан хабар дода буд, ки дар ҷараёни машваратҳо ахир пешрафт ба даст омадааст, аммо баъдан Ҳамос рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Хафви пурра барҳам хӯрдани гуфтушунид миёни ҳаракати фаластинии Ҳамас ва Исроил комилан воқеист.
Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal бо истинод ба яке аз миёнаравони араб дар гуфтушунид хабар медиҳад.
Қаблан NBC News бо такя ба як дипломати аршади араб хабар дода буд, ки музокирот дар бораи раҳоии гаравгонҳои исроилӣ ва оташбас миёни Исроил ва Ҳамос "қариб ях бастааст".
Тавре Ҳусам Бадран, узви Бюрои Сиёсии Ҳамос ба РИА "Новости" хабар дод, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар амал барои ба даст овардани созиш талош намекунад ва аз ин рӯ дар ҷараёни музокирот монеаҳои нав эҷод мекунад.
"Эҳтимолияти комилан шикасти музокирот воқеист",- навиштааст нашрия аз қавли миёнарав.
Рӯзи 7 апрел дар Қоҳира даври навбатии музокирот оид ба истиқрори оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳои таҳти назорати Ҳамос оғоз шуд.
Шабакаи телевизионии Миср "Ал-Қоҳира ал-Ихбория" қаблан хабар дода буд, ки дар ҷараёни машваратҳо пешрафт ба даст омадааст.
Русия аз пазируфтани Фаластин ба СММ пуштибонӣ кард
Шабакаи телевизионии Қатар Al Jazeera бо такя ба манобеъ гуфт, ки миёнаравҳо пешниҳоди наверо ироа кардаанд, ки бояд дар се марҳила амалӣ шавад.
Баъдан Ҳамос пешрафт дар музокиротро рад кард. Дар музокирот Ҳамос, Миср, Қатар, Исроил ва ИМА ширкат доранд.
Бар пояи охирин омори Вазорати тандурустии Ғазза, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз 34 ҳазор нафар гузашт ва ҳудуди 76,8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.