ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Воридоту содироти металлҳои қиматбаҳо ва колоҳои дорои филизоти гаронарзиш дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содатар шуд.
Қарор дар ин бораро Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қабул карда, ҳадафи онро тавзеҳ додааст.
Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин тағйирот либерализатсияи воридот ва содироти баъзе категорияҳои металлҳои қиматбаҳо мебошад, изҳор дошт директори департаменти танзими гумрукӣ, тарифӣ ва ғайритарифии ИИАО, Ваагн Казарян.
"Содда кардани гузариши назорати давлатӣ, коҳиши номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирокчиёни фаъолияти тиҷорати хориҷӣ, ки бояд ба давлат пешниҳод кунанд, инчунин татбиқи танзими ягонаи ғайритарифӣнисбати молҳои якхела аз ҳадафҳои он мебошад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Казарян, аз ҷумла, сухан дар бораи истисно кардани молҳо аз танзиму муомилот меравад, ки дар онҳо саҳми филизоти қиматбаҳо аз 2%-и вазни умумӣ зиёд нест.
Инчунин, бо дарназардошти имкони қабули ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ барои назорати давлатӣ , иҷозат дода мешавад, ки ба ҷои асли ҳуҷҷатҳо, нусхаи онҳо литсензияи содирот, мушаххасот дар бораи мол пешниҳод карда мешавад.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки қарор пас аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.