ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тамрини муштараки дуҷонибаи нерӯҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои Русия оғоз шуд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, маросими ифтитоҳи тамрин дар тамрингоҳи кӯҳӣ-биёбонии "Ҳарб-Майдон"-и вилояти Хатлон аз 15 то 18 апрели соли 2024 идома хоҳанд кард.
Чорабинӣ аз рӯи анъана бо ҷамъбасти умумии ҳайати низомӣ оғоз шуда, сурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои орекстри ҳарбӣ садо доданд, парчамҳо ботантана бардошта шуданд, афзуд манбаъ.
Таъкид шудаст, ки дар ин тамринот контингенти низомии ду кишвар ташкили истифодаи қувваҳои мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои террористиро машқ мекунанд.
Омода кардани воҳидҳо барои иҷрои вазифаҳои дар кӯҳистон гузошта шуда, инчунин назорати воҳидҳо ҳангоми пуштибонии сарҳади давлатӣ ва нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз бандҳои дигари ин размоиш мебошад.
Асоси контингенти низомии Русияро ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла воҳидҳои кӯҳӣ, савораи тирандоз, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои иктишофӣ, инчунин экипажҳои гурӯҳи авиатсионии чархболҳои ҳамлаии Ми-24 иштирок доранд.
Илова бар ин, дар ин тамрин мутахассисони ҳифзи кимиёию биологӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дастаҳои мобилии ҷанги электронӣ ширкат мекунанд.