Озмуни "Сайри гули Лола" дар марҳилаи шаҳрию вилоятӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.
Марҳилаи ҷумҳуриявии озмун рӯзҳои наздик ҷамъбаст мешавад, хабар медиҳад Кумитаи рушди маҳал.
Озмуни мазкур 6 соли охир дар сатҳи маҳал, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи он таҳкими ободкорию зебоипарастӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Душанбе низ аллакай беҳтарин гулкорҳоро интихоб намуданд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр зиёда аз 6,6 млн лола кошта шуд.
Озмун дар Душанбе аз рӯи 5 номина, "Боғи беҳтарин", "Гулгашти беҳтарин", "Кӯча ё хиёбони беҳтарин", "Гулпарвари беҳтарин" ва "Композитсияи беҳтарин" гузаронида шуд.
Дар номинатсияи "Композитсияи беҳтарин" мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи якум шуд.
"Гулпарвари беҳтарин" корманди "Раёсати истифодабарии роҳҳо"-и ноҳияи Шоҳмансур дониста шуд.
Дар номинатсияи "Боғи беҳтарин" — Боғи "Аҳмади Дониш" ҷои якум гирифт.
Беҳтаринҳои озмуни шаҳрӣ бо дипломҳо ва мукофотпулӣ мутаносибан ба андозаи 10 ҳазор, 7 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.