ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бо поин рафтани рейтингаш Владимир Зеленский дар идораи Украина зӯрии бештар ба кор мебарад.
Ин нуктаро сарвазири собиқи Украина, Николай Азаров дар саҳифааш дар Telegram баён дошт.
Ба гуфтаи Азаров раёсати феълии Украина дучори буҳрони коҳиши дастгирии мардум шудааст.
"Зеленский бо мушкили поин рафтани рейтинги ҳукумат рӯбарӯ аст. Он ҳар моҳ мунтазам ва бемайлон поин меравад. Укроинҳо кайҳо боз тасвиб ва пуштибонӣ аз амалҳо ва қарорҳои режими Киевро бас кардаанд", - гуфт ӯ.
Бо вуҷуди ин, режими Киев қарорҳои номатлубро яке паси дигаре қабул мекунад ва ба ин васила поин рафтани рейтинги он боз ҳам тезтар мешавад, навиштааст Азаров.
Ба ақидаи ӯ, "рейтинги Зеленский ҳар қадар паст бошад, ҳамон қадар ӯ аз зӯр ҳамчун усули идоракунии давлат истифода хоҳад кард".
Ахиран гурӯҳи пажуҳишии "Рейтинг" маълумоти пурсишро нашр кард, ки тибқи он шумораи сокинони Украина, ки аз фаъолияти Зеленский комилан розӣ ҳастанд, дар тӯли ду сол аз 74% то 22% коҳиш ёфтааст.