Дар Суғд ба кормандони иҷоранишини давлатӣ хона доданд

Дар доираи сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба 8 нафар кормандони соҳаҳои гуногун хонаҳои истиқоматии хизматӣ супорида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Кормандони соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш, хизматчиёни ҳарбӣ, ки солҳои зиёд иҷоранишин буда, ба беҳтар намудани шароити зист ниёз доштанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки калиди хонаҳоро раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода супоридаст.
Ӯ гуфт, мақомоти Суғд барои таъмини кормандони соҳаҳои гуногун бо манзил тадбирҳои заруриро амалӣ карда, марҳила ба марҳила кормандоне, ки дар навбат чун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин менамояд.
Таъкид шудаст, ки кормандон барои дастгириҳои пайваста, ба роҳбарияти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат мекунанд.
Раҳмон қалъаи сеҳазорсолаи Хуҷандро пас аз таъмиру навсозӣ боз кард-акс
Таъмини хонаҳо дар ҳолест, ки раиси вилояти Суғд қаблан ба корхонаҳое, ки зиёда аз се ҳазор коргар доранд, дастур дода буд, то барои кормандонашон хона созанд.
"Мо ба корхонаҳо гуфтем, ки барои беҳтар кардани ваъи зиндагии коргаронатон онҳоро бо хона таъмин намоед",- таъкид карда буд Аҳмадзода.
Ӯ зикр кард, аз Хуҷанд то Истаравшану Панҷакент корхонаҳои калон ҳастанд, ки дар онҳо ҳазорон коргар дар онҳо фаъолият мекунанд, ки онҳо мутахассис ҳастанду оила ва ба дастгирӣ ниëз доранд.
Аҳмадзода гуфт, иқдоми хонасозиро барои мутахассисон худи ҳукумати вилоят низ роҳандозӣ кардааст ва навоҳӣ низ оз он пайравӣ хоҳанд кард.