ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафари корияш ба шимоли кишвар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-ро ифтитоҳ кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи Қалъаи Хуҷанд 6 гектарро ташкил медиҳад..
Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.
Таъкид шудааст, ки сохмону навсозии қалъа бо усули баланди меъморӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихии он зери назари олимони соҳа иҷро гардидааст.
Иншоот аз бинои осорхона, бинои маъмурӣ, қисмати девори ҷанубӣ, маҳаллаи кӯҳанбунёди шаҳри Хуҷанд, ки иборат аз 8 ҳавлиҳои қадимии ҳунармандӣ аст. Инчунин меҳмонхона, чойхона ва ҳаммомхона иборат мебошад.
Ҳадаф аз барқарорсозии осорхонаро инъикоси таърихи беш аз се ҳазорсола ва эҳё намудани ҳунарҳои қадимии тоҷикон аз ҷумлаи кӯлолгарӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, кошинкорӣ ва наққошӣ унвон кард.
Ҳамакнун дар растаҳои қалъа ҳунармандон метавонанд маҳсулоти худро барои сайёҳон ва меҳмонон пешкаш намоянд.
Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошад.
Он бори нахуст дар соли 1930 бунёд шуда, баъди ҳаштод сол дар соли 2006 он бозсозӣ шуда то имрӯз аз маконҳои серодам дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҳоло бо гузашти беш аз даҳ сол ба масъулони ҳукумат имкон даст додааст, то осорхонаи таърихии Хуҷандро эҳё кунанд, ки ба ин васила боз ҳам мурури одамон ба вижа сайёҳон ба ин мавзеъ бештар хоҳад шуд.