Эрон мехоҳад мақоми нозирӣ дар ИИАО-ро ба даст орад

Теҳрон ба пуштибонии Федератсияи Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори умедворӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Теҳрон қасд дорад мақоми кишвари нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро ба даст орад.
Дар ин бора Козим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар як конфронси байнулмилалӣ бахшида ба ҳамкориҳои Русияву Эрон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, кишвараш дар оянда ният дорад, ки наздикшавиро бо ин созмон идома диҳад.
"Дар оянда, ҳамчун марҳилаи аввали наздикшавӣ мо мехоҳем, ки нозири ИИАО гардем", - гуфт дипломат.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба пуштибонии Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳори умедворӣ кардааст.
ИИАО ва Эрон оид ба ҳамкорӣ дар лоиҳаи "Агроэкспресси Авруосиё" ба мувофиқа расиданд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрон ба лоиҳаи Агроэкспресси Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ шомил мешавад.
Эълон шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт ба ҳаракати босуръати маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.