ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ шинос шуда, иншооти соҳаҳои гуногунро ба истиқболи 35-солагии Истиқлолият ифтитоҳо мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд раиси вилояти Суғд ва дигар масъулони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Сипас президент ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии "Титан 8888"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад.
Корхона асосан радиатор - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда, 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
"Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмӯъ ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харидорӣ шудааст, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мекунад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди молу маҳсулот пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешуд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи мазкур, имкон аст, бештар аз 50%-и талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин карда шавад.
Масъулин изҳори ният кардаанд, ки дар оянда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ мағозаҳои фирмавии худро таъсис диҳанд.