ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон тайи 23 соли охир аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ расидаанд, ки афзоиш 113 баробарро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, зимни таҷлили Рӯзи иқтисодчиён, ки ба 8 апрел рост меояд, баён дошт.
Ба гуфтаи вазир, 23 соли охир новобаста аз таъсири манфии таҳдидҳову омилҳои берунӣ рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин гардидаст.
Завқизода ҳамчунин афзоиши назарраси ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро аз оғози аср таъкид намудаст, ки аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба наздики 131 млрд сомонӣ расидаст.
Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3%-ро ташкил дод, илова намуд вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод асосан аз ҳисоби зиёд гардиди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12%, кишоварзӣ 9%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5%, боркашонӣ 16,6%, хизматрасонии пулакӣ 14%, гардиши савдо 13% фоиз ва мусофиркашонӣ қариби 10% таъмин гардид.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисоду савдо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Завқизода бо зикри ин омор кормандони вазоратро бо ҷашни касбӣ шодбош гуфта, афзуд, ки иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм мегузоранд.