ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сафоратхонаҳои Исроил дар саросари ҷаҳон пас аз ҳамлаи Исроил ба бахши консулгарии сафорати Эрон дар Димишқ дигар амн нестанд.
Дар ин бора сармушовири низомии раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ генерал Яҳё Сафавӣ иттилоъ дод.
"Ҳамлаи низомӣ ба консулгарӣ ва марги мушовирони эронӣ, ки ба таври қонунӣ бо даъвати Сурия дар онҷо буданд, нақзи қонуни байналмилалӣ аст ва дигар ҳеҷ як сафоратхона дар амн нест", - хабар медиҳад хабаргузории Тасним.
Сафавӣ бо истинод ба суханони раҳбари Эрон, ки Ҷумҳурии Исломӣ давлати яҳудиро аз ҳамла ба консулгарӣ пушаймон хоҳад кард, ҳушдор дод, ки "ҷабҳаи нерӯҳои муқовимат омода аст, бояд интизор шуд, то бубинанд, ки чӣ мешавад".
Рӯзи 4 апрел радиои Кан хабар дод, ки дар чаҳорчӯби "тайёрии бесобиқа" ба вокуниши интизории Эрон ба ҳамла дар Димишқ, вазорати хориҷаи Исроил бо машварат бо мақомоти амниятӣ тасмим гирифт, ки шуморе аз сафоратхонаҳояшро дар атрофи Димишқ тахлия кунад.
Пеш аз ин сухангӯи нерӯҳои дифои Исроил Даниел Ҳогарӣ гуфт, ки артиши Исроил "дар тамоми ҷабҳаҳо дар ҳолати омодагии шадид ба ҳама гуна таҳаввулоти ҳодисаҳост".
Пештар, пешво ва раҳбари рӯҳонии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар шабакаи X бо забони ибрӣ навишт, ки Исроилро аз тасмимаш барои анҷоми ҳамлаи ҳавоӣ ба бахши консулгарии сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Димишқ тавба хоҳад кард, ки 13 кас, аз чумла ду генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд.