ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Натиҷаҳои омӯзиши коршиносии телефонҳои мобилие, ки террористон мехостанд нобуд кунанд, имкон дод, ки маълумоти барои тафтишот муҳим дар бораи ҳолатҳои омодагӣ ба ҷиноят ба даст оварда шавад.
Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ дода, афзуд, бо дастури кураторе, ки амалиёти террористонро роҳбарӣ мекард, макони ҳамла толори консертии "Крокус сити ҳол" интихоб шуд.
Манбаъ афзуд, ки субҳи 24 феврали соли 2024, яъне дар солгарди оғози амалиёти вижаи низомӣ яке аз шарикон бо дастури куратор аз манобеи интернетӣ скриншотҳои аксҳои даромадгоҳҳои "Крокус Сити Ҳол"-ро фиристод.
Айбдоршаванда дар баёноти худ ҳамаи инро тасдиқ кардааст, афзуданд мақомоти тафтишотӣ.
Илова бар ин, дар телефони муттаҳам аксҳои афрод бо либоси низомӣ бо парчами Украина дар пасманзари хонаҳои харобшуда ва маркаи почтавии украинӣ бо ишораи фаҳш пайдо шуданд, хабар дод кумитаи тафтишотӣ.
"Ин маълумот метавонад робитаи байни амали террористии содиршуда ва гузаронидани амалиёти махсуси низомиро нишон диҳад", - омадааст дар матлаб.
Татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ оид ба тафтиши иштироки намояндагони хадамоти махсуси Украина ва созмонҳои байналмилалии террористии исломӣ дар ташкил ва маблағгузории ҳамлаи террористӣ идома дорад, таъкид кардаанд муфаттишон.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти федералии амният - ФСБ ахиран аз боздошти 3 муттаҳами дигар дар робита ба ин ҷиноят хабар дод.