ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон афзоиши парвозҳо ба Қазоқистонро ба суди рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар хонд.
Ба иттилои кумита, нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад парвозҳо ҳафтае як маротиба, рузҳои сешанбе анҷом дода мешавад.
Парвозҳо аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" бо истифода аз ҳавопаймҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 19 апрел бошад, шумораи парвоҳо аз Душнабе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад.
"Роҳандозӣ намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осонтару қулайтар мекунад, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад", - таъкид кард Кумита.
Манбаъ афзуд, сайёҳону ҷаҳонгардон тавассути истифодабарии хатсайри ҷадид имкон доранд, ки дар идома аз Душанбе ба 11 кишвари дунё ва аз Остона ба 25 кишвари дунё парвоз анҷом диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон солҳои охир барои рушди сайёҳӣ дар кишвар талошҳо дошта, ниҳоди алоҳидаи давлатиро барои кор дар ин сам фаъол кард.