Кишти замину наслгирии чорво дар Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дорад?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нишондодҳои соҳа дар ҷамъбасти моҳи аввали баҳор, аз ҷумла майдонҳои киштшуда ва наслҳои гирифтаи чорворо нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Соли равон дар назар аст, ки дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 608 ҳазор гектар замин кишт гузаронда шавад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳолати охири март дар майдони қариб 590 ҳазор гектар кишт гузаронда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки аз ин майдони кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ қариби 178 ҳазор гектар буда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони қариб 64 ҳазор гектари дигар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронда шудаст.
Дар ИИАО ва Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
Беш аз 15 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ фаро гирифтаанд. Инчунин дар майдони , беш аз 8 ҳазор гектар зироатҳои равғандеҳ, қариби 5 ҳазор гектар полизӣ, 9 ҳазор гектар кишти картошка кишт шудаанд.
Аз ҳудуди 24 ҳазор гектар сабзавот, қариби 15 ҳазор гектар пиёз, наздики 3 ҳазор гектар сабзӣ, беш аз ҳазор гектар карам, қариби ҳазор гектар бодиринг мебошад.
Дар мавриди наслгирӣ аз чорво вазорат иттилоъ дод, ки тибқи дурнамо бояд аз беш аз 400 ҳазор сар барраю бузғола насл гирифта шавад.
Манбаъ афзуд, ба ҳолати охири март аллакай зиёда аз 255 ҳазор сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазор сар зиёда буда, ба ҳисоби миёна ба сари ҳар 100 сар меш ва модабуз 35 сар рост меояд.