ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мехоҳад корҳо дар бахши ташкили бозорҳои умумии энержиро таҳким бахшад.
Ин нуктаро вазири энергетика ва зерсохтори Комиссияи иқтисоди АвруОсиё Арзибек Кожошев баён дошт.
"Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик муҳокимаи ҷиддии масъалаҳои ҳамоҳангнашуда дар сатҳи мақомоти Иттиҳодияро идома диҳем", - қайд кард ӯ.
Вай афзуд, ки ҳамчунин мсъалаҳои ҳассоси фаъолияти бозорҳои умумии энержӣ низ баррасӣ мегарданд.
Кожошев қаблан дар ҷаласаи Шӯрои энергетикии ИДМ, нақши калидии энергетикиро дар системаи амнияти миллии кишварҳои АвруОсиё ва арзиши бунёдии онро барои ташкили ҳаёти бароҳати инсон баён намуд.
Номбурда қайд кард, ки дастрасии кафолатнок ба гармӣ, нерӯи барқ ва оби гарм, инчунин фаъолияти тамоми шабакаҳои таъмини ҳаёт бидуни таваққуф ва бо нархи дастрас барои шаҳрвандон - яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошад.
Дар халли он фаъолияти якчояи кишварҳои иттиҳодия дар бораи истифодаи оқилонаи захоири энергетикӣ ва ба вуҷуд овардани "фазои энергетикӣ" торафт аҳамияти калон пайдо мекунад.
Ин ҳамкориҳо ба баланд бардоштани самаранокии системаҳои энергетикӣ, рушди иқтидори транзитӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши интиқоли фаромарзии захираҳои энергетикӣ асос ёфтаанд, афзуд ӯ.