ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Қоидаҳои марбути нархномаҳои роуминг дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - ИИАО то охири сол қабул карда мешаванд.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода, бартарияти қоидаҳои ҷадид барои муштариён дар иттиҳодро тавзеҳ дод.
Дар ин ҳолат шаҳрвандон метавонанд дар ҳар кишвари иттиҳод аз алоқа бо нархи хонагӣ истифода баранд, шарҳ доданд дар КИАО.
Директори департаменти танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Алексей Сушкевич дар зимн таъкид кард, ки ба нархгузориҳо дахолат сурат нахоҳад гирифт.
"Ширкатҳо нархҳоро мустақилона бо назардошти манфиатҳои операторони мобилӣ ва истеъмолкунандагон муайян мекунанд", - зикр намуд ӯ.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.