ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Қурби рубл дар бозори арзи Тоҷикистон бетағйир боқӣ монда, ҳамоно ҳазор рубл ба 118,7 сомонӣ баробар мебошад.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри арзнома иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар бозори арзи кишвар қурби доллар андаке боло рафта, нархи евро коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла як доллари ИМА - 10,9563 сомонӣ ва евро - 11,8186 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи миёнаи харидуфурӯш дар бозори нақд барои доллари ИМА аз 10.9546 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8540 то 11.9500 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия 118,7 то 119 сомониро ташкил мдеиҳад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.