ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба кишти пахта дар ин ду ноҳия оғоз бахшид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ин вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен наздики 6500 га ва дар Зафаробод беш аз 14 700 гектар пахта кишт хоҳад шуд.
Манбаъ меафзояд, Аҳмадзода дар Спитамен аснои кишт кардани пахта ба масълин барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба охир расондани кишти зироатҳо супориши қатъӣ дод.
Ҳамчунин дархост шуд, ки обу заминро бояд самаранок исифода бурд ва ҳосилнокии зироатҳоро баланд бардошт.
Зимнан, дар ноҳияи Зафаробод ҳамроҳ бо раиси вилоят пирони кор низ дар хоҷагии деҳқонии "Абдураҳим" дар маросими оғози кишти пахта иштирок карданд.
Зикр гардид, ки дар асоси таҷрибаҳои ҳосилшуда ва тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ соли ҷорӣ низ тухмии навъи "Хучанд-67" кишт мекунанд ва умед аст, ки ҳосили хуб ба даст оранд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ҳамин моҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Зафаробод ба кишти пахта оғоз бахшид.