Песков гуфт дар таҳқиқи ҳамла бар "Крокус" бо Ғарб ҳамкорӣ надоранд

Кормандони интизомии Русия ҳамлаи террористиро, ки дар як маркази савдои наздикии Маскав сар зад ва боиси марги 137 нафар шуд, таҳқиқ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Хадамоти махсуси Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав мустақилона кор мекунанд ва дар бораи кумак аз дигар кишварҳо сӯҳбате нест.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, Кремл дар бораи ҷараёни тафтишоти ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав изҳори назар намекунад.
"Тафтиш идома дорад ва дар ҷараёни тафтишот ҳар гуна шарҳ додани маъмурияти президент ниҳоят нодуруст аст. Мо ин корро намекунем", - гуфт Песков.
Ӯ афзуд, ки дар робита ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ бо кишварҳои ғарбӣ робита вуҷуд надорад.
"Ҳоло бо ғарбиҳо иртибот вуҷуд надорад", - гуфт ӯ.
Вай ҳамзамон ба суоли он, ки оё маълумоти мушаххаси иктишофӣ аз ниҳодҳои истихборотии Амрико дар бораи ҳамлаи террористии дарпешистода ба Кремл ироа шудааст ё не, гуфт, ки маълумоти иктишофӣ ҳеҷ гоҳ ба Кремл дода намешавад.
Дар ҳамла ба "Крокус" ДОИШ даст дорад ё на: посухи Песков
"Он тавассути каналҳо ба хадамоти махсус, аз хадамоти махсус то хадамоти махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ин ба категорияи маълумоти махфӣ дохил мешавад, ки албатта ошкор намешавад",- афзуд мавсуф.
Сафорати ИМА дар Русия рӯзи 8 март гуфт, ки гузоришҳо дар бораи нақшаҳои ҳамлаи “ифротгароён” ба ҷамъомадҳои бузурги мардум дар Маскав, аз ҷумла консертҳоро назорат мекунад.
Ҳамзамон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус, Кохи Сафед ба РИА "Новости" гуфт, ки дар моҳи март Иёлоти Муттаҳида дар бораи омодагии ҳамлаи террористӣ дар Маскав, эҳтимолан дар ҷойҳои серодам маълумот гирифта, онро бо ҷониби Русия мубодила кардааст.