ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Мақомоти расмии Федератсияи Русия маълумотро дар бораи даст доштани гурӯҳи террористии ДОИШ* дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро шарҳ намедиҳанд, зеро тафтишот то ҳол идома дорад ва фарзияи расмӣ пешниҳод нашудааст.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Тафтиш идома дорад, фарзияи пешакӣ ҳанӯз садо надодааст. Сухан танҳо дар бораи маълумоти пешакӣ буд. То ба ҳол ягон фарзия пешниҳод нашудааст", — гуфт Песков дар посух ба суоли он, ки чаро мақомоти Русия аз ширкати ДОИШ* дар байни фарзияиҳои марбут ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус ёдовар намешаванд.
"Тафтишот идома дорад, бори дигар такрор мекунам, дар ин ҷо мо бояд маълумоти мақомоти расмии моро, ки дар ин кор даст доранд, интизор шавем",- гуфт Песков.
Субҳи рӯзи шанбе, сухангӯи Кохи Сафед Карин Жан-Пер бо изҳори таслият ва ҳамлаи террористӣ дар Крокус гуфт, ДОИШ як душмани муштарак аст, ки бояд мағлуб шавад.
Чунин изҳоротро бисёре аз расонаҳои амрикоӣ ҳам доранд, ки бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар фоҷеа гунаҳгор аст. Ҷониби Русия расман ин фарзияро тасдиқ накардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯш кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 180 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.
*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст