Заминларза марзи Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон боз як заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ ҳудуди ноҳияи Лахш, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон буда, шиддати ларзиш ба 5,4 дараҷа расидааст.
Манбаъ меафзояд, офати табиӣ қарибии сотаи 9:00 ба вақти маҳаллӣ дар умқи 15 км рух додааст.
Дар ҳамин ҳол ҳоло маълумот дар мавриди хисороти ин ҳодиса рӯи даст нест.
Гуфта мешавад, ки шиддати он дар баъзе вилоятҳои Ӯзбекистон низ эҳсос шудааст.
Заминларза Тоҷикистонро такон дод: шарҳи КҲФ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст.
Ёдовар мешавем, ки 14 март низ дар ин минтақа ларзиши замин сабт шуда буд.
Зилзиласанҷон қувваи онро дар марказаш 3-4 балл арзёбӣ карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.