ДУШАНБЕ, 17 март — Sputnik. Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) ва Бонки Рушди АвруОсиё (БРАО) дар бораи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамин тариқ, нақшаҳои ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак оид ба маблағгузории лоиҳаҳои кооперативӣ эълон карда шуданд.
Дар ин бора дар мулоқоти Гоҳар Барсегян, узви Раёсати саноат ва комплекси агросаноатии КИАО ва Николай Подгузов, раиси раёсати Бонки рушди АвруОсиё баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.
Ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар доираи механизми нави фаромиллии дастгирии молиявии ҳамкориҳои саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) табодули афкор намуданд.
Онҳо инчунин ба масъалаҳои муҳими равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаҳои саноат ва агросаноатӣ дахл карданд.
Қобили зикр аст, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни КИАО ва БРАО 12 ноябри соли 2013 ба имзо расида буд.
Иттиҳоди иқтисодии Осиё ба ҳавасмандгардонии молиявии лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ шурӯъ мекунад.
Иттидодия манфиатдор аст, ки гуфтушунидро бо доираҳои тиҷоратӣ минбаъд ҳам вусъат дода, масъалаҳоеро, ки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ мароқ зодир мекунанд, омузад.