ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти чандсоатаи ҳаракати нақлиёт дар ин масир шуд.
Ширкати роҳбони IRS таъкид кард, ки феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.
Ба иттилои манбаъ, тармаҳое, ки чанде пеш дар километри 80- уми роҳи Душанбе - Чаноқ фаромада буд, бетаъхир бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин гардид.
Қаблан ин ширкат хабар дода буд, ки паҳноии тармаҳо зиёда аз 100 метр ва баландиашон то 6 метр буда, барои бартараф намуданашон фавран техникаҳои Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон сафарбар гардиданд.
Манбаъ қайд карда буд, ки барои бартарафсозии тармаҳо то 1,5 соат вақт лозим аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан КҲФ ҳушдор дода буд, ки то13 марти соли равон хатари тарма, резиши санг дар навоҳии ғаррбии ВМКБ, қаторкуӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад.
Бояд қайд кард, ки аз 9-ум то 10 марти соли2024 дар километрҳои 57 то 73 роҳи Душанбе-Айнӣ 29 ҳодисаи фурӯ рехтани тарма ба қайд гирифта шуд.