Боздиди гурӯҳи ҷавонони тоҷик аз минтақаҳои гуногуни Русия

Гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар барномаи минтақавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Русия иштирок доранд ва ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар сафар доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҷавонони Тоҷикистонро тибқи ин барнома дар шаҳри Владивостоки Русия ва Ҷумҳурии Доғистон бо шукуҳ истиқбол гирифтанд.
Дар Фурӯдгоҳи шаҳри Владивосток ҷавононро бо базму суруд ва расму ойини хосси ҳамин минтақаи Русия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд
Ҳамин ҳолат гурӯҳи дигари ҷавононро дар Доғистон истиқбол гирифтанд.
Ба гуфтаи Мафтуна Суярзода иштирокчии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон 2024, ки дар ҳайати ҷавонони иштирокчии барномаи минтақавии Фестивал дар Доғистони Русия Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, имрӯз дар мавзеи Каспийски шаҳри Махачкала маросими ифтитоҳии барномаи минтақавии ФҶҶ - 2024 баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи барномаи минтақавии Фестивали мазкур муовини Раиси Ҳукумати Доғистон Муслим Телякавов, Вазири корҳои ҷавонони Доғистон Комил Саидов, Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши, Вазири сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати меҳмононро мақомдорони Доғистон хуб пазироӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки намояндаи ҳукумати Доғистон доир ба тақвияти ҳамкориҳо бо ҷавонони иштирокчӣ ва мустаҳакам гардонии дӯстии ҷавонони хориҷ бо кишварашро тазаккур дод.
Сипас ҳайати ҷавонони иштирокчии барномаи минтақавии ФҶҶ - 2024 дар Доғистон барои эҳтирому гиромидошти фарҳанг ва арзишҳои миллии ин минтақаи Русия дар назди муҷассамаи Расул Ғамзатов, ки дар шаҳри Махачкала ҷойгир аст, гулчанбар гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни хориҷии Фестивали байналмилалии ҷавонон баъди анчоми барномаи асосӣ дар Сириус ду ҳазор ҷавонони интихобшуда аз ҳар кишвари ҷаҳон барои шиносоӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия сафар мекунанд.
Барномаи минтақавӣ ба иштирокчиёни хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо Русия, мероси фарҳангии он, мероси таърихӣ, гуногунии миллии халқҳо ва анъанаҳои онҳо, табиати нотакрор ва иқтидори иқтисодии он шинос шаванд.