ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Омодагӣ ба даври якуми Фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола", ки нахуст дар сатҳи маҳалла, деҳот ва шаҳрак мегузарад, оғоз гардид, иттилоъ дод Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, даври якуми фестивали гулҳо то 18 март ва даври дуюми он дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо то 25 марти соли равон ҷамъбаст мегардад.
Ҷамъбасти ҷашнвора дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар охири моҳи апрел дар назар мебошад.
Ғолибони чорабинӣ Шоҳҷоиза, дипломҳо ва "Ифтихорнома"-ю "Сипоснома"-и Кумитаи рушди маҳали назди президент қадрдонӣ мегарданд.
Дар назар аст, ки комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бояд то аввали апрел, ғолибонро бо навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳал намоянд.
Даври ҷумҳуриявии ҷашнвора 28 апрели соли равон ба нақша гирифта шуда, маросими қадрдонии ғолибон дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҷашнвораи гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" аз соли 2019 ба ин сӯ дар ҷумҳурӣ таҷлил гардида, ҳадафи он таҳкими ободкорию зебоипарастӣ арзёбӣ мегардад.
Иттифоқи рассомони Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар даврҳои фестивал иштироки рассомони ҷавонро таъмин намояд.