"Гӯштингирӣ" бо пирӯзии аксар варзишгарони тоҷик анҷом ёфт - акс

Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, бо пирӯзии аксар варишгарони тоҷик анҷом ёфт
Sputnik
1 / 9

Душанбе мизбони мусобиқаи бузурги байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ гардид

2 / 9

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 40 давлати дунё ҳузур доштанд

3 / 9

Маблағи ҷоизаҳои пулии ин мусобиқа $100 000 гуфта мешуд

4 / 9

Барои дастгирии варзишгарони тоҷик Темур Раҳим ҷудокори номӣ низ дар толор қарор дошт

5 / 9

Аксари ҷойҳои аввалро гӯштингирони тоҷик азхуд карданд

6 / 9

Шояд дар баробари маҳорати баланди онҳо ҳамчунин обу ҳавои ватан ва дастгирии мухлисон онҳоро рӯҳбаланд кард

7 / 9

Миёни мардҳо дар вазнҳои аз 65кг то зери 86кг гӯштингирони тоҷик музаффарият ба даст оварданд. Танҳо дар вазни аз 86 боло намояндаи ӯзбек пирӯз шуд

8 / 9

Дар бахши занона гӯштингирони Русия ва Чин бартарӣ доштанд

9 / 9

Танҳо дар вазни зери 70 кг ду бонуи тоҷик: Ҷонона Назарова ва Шоҳида Қаландарова ҷойҳои 2 ва3 - ро соҳиб шуданд