ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар арафаи рӯзи байналмилалии занон президент Владимир Путин фармони афви 52 зани маҳкумшударо имзо кард, хабар медиҳад сомонаи Кремл.
Сарвари давлат ҳангоми қабули қарор дар бораи авф ба ринсипҳои инсондӯстӣ такя кардааст, иттилоъ додаст дафтари матбуоти Кремл.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари давлат пеш аз ҳама занони кӯдакони ноболиғ, занони ҳомила ва ҳамчунин занонеро, ки наздиконашон дар амалиёти вижаи низомӣ ширкат мекунанд, афв кард.
Путин ҳамчунин бо паёми алоҳида занони Русияро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии занон шодбошӣ гуфта, ҳамдигарфаҳмӣ, комёбӣ ва лаҳзаҳои хуш орзу кардааст.
"Дар ҳар хонадон, дар ҳар як оила аз ҳама меҳрубононатарин, гармтарин орзуҳоро модарон, зану духтарон, модаркалонҳо мешунаванд", - қайд кард сарвари давлат.
Раҳбари Русия ҳамчунин ба заноне, ки дар минтақаи амалиёти вижа қарор доранд ва ҷангиёни русиягиро дастгирӣ мекунанд, хитоб кардааст.
Президенти Русия ин иқдоми занонро намунаи истодагарӣ ва эътимод ба он хонд, ки некию ҳақиқат дар тарафи мост.