ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Хадматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия занони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнатро бо Рӯзи байналмилалии занон дар Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст.
Низомиён ба собиқадорони ҷангу меҳнат саломатӣ ва умри дароз таманно намуда, ба онҳо барои меҳнати бузургу фидокорона ва қаҳрамонии солҳои ҷанг изҳори сипос намуданд.
Аз ҷумла, низомиён ба аёдати Солиҳа Раҷабоваи 98-сола рафтанд, ки дар Коломна таваллуд шудааст ва бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ пас аз хатми синфи 7 ихтиёрӣ ба баталони меҳнатӣ рафт.
Онҳо ҳамчунин ба аёдати Маҳмудахон Баҳриддиноваи 92-сола омаданд. Пас аз оғози ҷанг ӯ бо хоҳиши худ ба корхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло Бохтар ба кор рафта, барои артиши шӯравӣ либос дӯхтааст.
Розия Габдуллинаи 97-сола низ шодбошӣ қабул кард. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар саҳроҳо барои фронт сабзавоту мева ҷамъоварӣ намуда, дар истеҳсоли либосҳои Артиши Шӯравӣ кор мекардаст.
Таъкид гардидаст, ки низомиён ба занони собиқадор гул, тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои пойгоҳи низомии 201-ум ва ҳамчунин ғизо тақдим намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии занон 8 март таҷлил мешавад, ки дар Тоҷикистон он аз соли 2009-ум ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.