ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Аз 1 апрели соли равон кишварҳои Ииттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қоидаҳои ягонаи назорати молҳои воридотиро роҳандозӣ мекунанд.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, кишварҳои узви иттиҳодия ба низоми ягонаи идоракунии хавфҳо барои назорати арзиши гумрукӣ мегузаранд.
Ин низом маҷмӯи қоидаҳои назоратиро дар бар гирифта, интизор меравад, ки ин шаффофияти ҷараёни воридотро афзоиш диҳад.
Дар маҷмуъ тайи солҳои охир ҳаракати озоди коло, сармоя, қувваи корӣ миёни кишварҳои узви ИИАО таҳким ёфта истодааст.
Тайи солҳои ахир Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё боҷи гумрукии воридотӣ барои беш аз 1,3 ҳазор номгӯи колоро бекор кардааст, иттилоъ дода буд қаблан Комиссияи иқтисодии иттиҳодия.
Ба гуфтаи вай, тайи замони гузашта барои таъмини дастрасии озод ба молҳо дар бозори иттиҳод як қатор қарорҳо қабул шудаанд.
Ҳамчунин кишварҳои узви иттиҳодия талош доранд, ки ҳамлу нақли коло миёни ҳам ва бо кишвраҳои сеюмро сабуку роҳат созанд.