Тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон барои тавлиди доруҳои муштарак

Вазири эронӣ бо ишора ба дастовардҳояшон дар самти табобати саратон, гуфт, дар ин замина метавонем бо Тоҷикистон ҳамкориҳои таҳқиқотиву дармонӣ дошта бошем.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Эрон омодагӣ дорад, доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии худро ба Тоҷикистон содир кунад ва тавлидоти муштараки доруро роҳандозӣ кунад
Дар ин бора вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ зимни як ҳамоиши муштарак намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории "Садо ва симо".
Ӯ аз барномаҳои муштараке бо вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфта афзудааст, ки аз муҳимтарин онҳо метавон ба табодули устод ва донишҷӯ, баргузории ҳамоишҳои илмии муштараку иҷрои барномаҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ ишора кард.
Мавсуф ҳамзамон ба имконоти ҳавзаи дармони Эрон, истифодаи мардуми Тоҷикистон аз зарфиятҳои самти сайёҳии табобатӣ таъкид кард.
"Яке аз муҳимтарин барномаҳое, ки дар ҳавзаи беҳдошт иҷро шудааст, барномаи саломатии хонавода аст, ки омодагӣ дорем таҷрибаи худро дар ин замина дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳем", - афзудааст вазир.
Доктор Айнуллоҳӣ ҳамчунин афзуд, ки бояд барномаи яксола ва муштарак бо вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳия ва дар асоси он ҳамкориҳои худро тақвият диҳем.
Ӯ дар идома ба пешрафтҳои таҳқиқотии Эрон дар самти табобати саратон, гуфт, дар ин замина метавонем бо Тоҷикистон ҳамкориҳои таҳқиқотӣ ва дармонӣ дошта бошем.
Мақомоти Эрон: Ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон тақвият меёбанд
Вазири тандурустии Тоҷикстон Ҷамолиддин Абдуллозада низ дар ин дидор барои тақвияти бештари ҳамкориҳо ишора кард.
Вазири тоҷик бо муваффақ хондани саноати доруии Эрон, хостори тавлиди маҳсӯлоти доруии муштарак бо Эрон шуд.
Вай афзуд, дар ҳавзаи омӯзиш низ метавонем аз ҳузури асотид ва мутахассисони эронӣ баҳраманд шавем.