ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дарҳои Русия ба рӯи ҷавонони кишварҳои гуногун ва беҳтарин талошҳои онҳо ҳамеша боз хоҳад буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар маросими пӯшидашавии Фестивали байналмилалии ҷавонон.
"Шумо ба Русия омадед, дар ин ҷо дӯстони зиёде пайдо кардед, ман мехоҳам бидонед, ки ҳоло тамоми Русия дӯсти шумост. Дарҳои мо ҳамеша ба рӯи шумо, барои ҳама талошҳои некатон боз аст", — гуфт Путин.
Ӯ изхори боварӣ кард, ки ҷавонони кишварҳои дигар ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегарданд.
Владимир Путин таъкид кард, ки Русия зимни баргузории ин фестивал мехост, ки барои ҷавонон шароити озод ва дӯстӣ фароҳам кунад.
Владимир Путин дар паёми худ ба ширкаткунандагони Фестивали байналмилалии ҷавонон қайд кард, ки Русия мехоҳад барои ҳама шароит барои озодӣ, созандагӣ ва дӯстӣ фароҳам оварад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин кор муваффақ хоҳад буд.
"Боварӣ дорам, ки шумо имрӯз хушҳол ҳастед. Аммо шояд як ғаму ғусса ҳам бошад, зеро шумо аз онҳое, ки ҳоло дӯст меномед, дӯстатонро набуред", - гуфт Путин дар маросими пушидашавии Фестивал.
Ба гуфтаи ӯ, вақте созмондиҳандагони ҷашнвора ҳамагонро ба Русия даъват карданд, онҳо дар назди худ ҳадафҳои хеле содда гузоштанд.
"Мо мехостем, ки шароити озод, эҷодкорӣ ва дӯстӣ фароҳам оварем, ки ба шумо имкон диҳад, бо ҳамдигар муошират кунед, дӯстони нав пайдо кунед ва шояд шарикон барои лоиҳаҳои ояндаатон пайдо намоед. Умедворам, ки мо муваффақ шудем".
Фестивали байналмилалии ҷавонон бо фармони президенти Русия Владимир Путин аз 1 то 7 март дар қаламрави федералии Сириус баргузор шуд.