Пешниҳоди лоиҳаи нави ҳалқаи барқӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон

Вазири неруи Эрон ахиран эълон кард, ки зарфияти табодули чаҳорҷонибаи барқӣ миёни Эрон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон дар гуфтугӯ бо Ҷурабек Мирзомуҳаммадов, вазири энергетикаи Ӯзбекистон таъкид кард, ки Эрон бо ағлаби кишварҳои ҳамсояи худ табодули барқӣ дорад ва ин мубодилот метавонад тавсеа пайдо кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "ИРНА".
Инчунин Вазири неруи Эрон бар ҳамкории чаҳорҷонибаи кишварҳои Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тарҳи иттисоли электрикӣ, омодагии ширкатҳои тавонманди эронӣ барои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар иҷрои лоиҳаҳои барқӣ, омодагии ширкатҳои тавонманди эронӣ дар заминаи судури таҷҳизоти барқӣ ва сохти хатти тавлиди таҷҳизот дар ин кишвар, ташкили дувумин нишасти гуруҳи кории муштараки энергӣ ва таҳияи нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни ду кишвар таъкид шуд.
“Эрон бо ағлаби кишварҳои ҳамсоя ба вежа бо кишвари Туркманистон табодули барқӣ дорад ва дар ин ҷаласа дар бораи иртиботи Эрон ва Узбакистон аз масири Туркманистон музокироте сурат гирифт. Хушбахтона имкони амалисозии ин масъала вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ.
Муҳриддин: Тақвияти равобит бо Эрон аз авлавиятҳои қатъии Тоҷикистон аст
Дар навбати худ оқои Мирзомуҳаммадов гуфт, дар заминаи ҳамкориҳои барқӣ нукоти хубе мавриди ишора қарор гирифт ва дар ин бора дар замони авҷи масраф метавон монеъаҳоро бартараф кард.
Вазири энергетикаи Ӯзбекистон дар поён хотирнишон кард, ки ҳамкории Ӯзбекистон бо кишвари Эрон дар ин замина вуҷуд дорад ва чашмандози онро бисёр наздик мебинад.