Тавлиди нахи оптикӣ дар ИИАО рақобатпазир боқӣ мемонад

Қарори қабулнамудаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазирро дар қаламрави иттиҳодия таъмин намуда, арзиши онро коҳиш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё тасмим гирифт, ки воридоти ҷузъҳои алоҳида барои тавлиди нахи оптикӣ бидуни пардохти боҷро тамдид кунад.
Бар асоси қарори қабулнамудаи КИАО, муҳлати нави амали ин қарор то 28 феврали соли 2026 муқаррар шудааст.
Хадамоти матбуоти ИИАО афзуд, ки тағйирот дар мавриди тамдиди ҳаҷми сифрии боҷҳои гумрукии воридотӣ ба рӯйпӯшҳои полиуретанӣ ва эпоксидӣ рабт дорад.
Тавзеҳ дода шуд, ки ин ҷузъҳо ҳамчун рӯйпӯшҳои муҳофизатӣ барои истеҳсоли нахҳои оптикӣ истифода мешаванд.
Миёни кишварҳои ИИАО Қазоқистон аз рӯи суръати афзоиши касри буҷа пешсаф шуд
Қарори қабулшуда истеҳсоли маҳсулоти тайёрро дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъмин намуда, арзиши онҳоро коҳиш медиҳад.
Ба ин тартиб, барои рушди дарозмуддати саноат, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ, шароит фароҳам оварда мешавад, гуфт вазири савдои КИАО, Андрей Слепнев.
Интизор меравад, ки қарори мушобеҳ дар мавриди воридоти бебоҷи шишаи оптикӣ, ки ҳамчун преформ истифода мешаванд, қабул шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО ният дорад мушкилоти тиҷоратро зери назорати доимӣ гирад. Бо доираҳои соҳибкорӣ масъалаҳои ҳамкорӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё баррасӣ гардида буд.