ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Рӯзи модар дар Тоҷикистон бар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид истироҳатӣ буда, ҳамасола 8 март таҷлил мегардад.
Ин ҷашн, ки қаблан ба номи Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешавад, қариб 15 соли охир чун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ фароғатӣ таҷлил мегардад.
Бо фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2009 рӯзи 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон дар Тоҷикистон Рӯзи модар номида шуд.
Аз ҷумла кӯчаҳои Душанбе бо шиорҳои рангоранг оро дода шуда, таҳти шиори "Зан рамзи покӣ" чорабиниҳо баргузор мешаванд. Инчунин барномаи фарҳангии “Модар сарчашмаи зебоӣ ва муҳаббат аст” ба нақша гирифта шудааст.
Ҳафтаи кӯтоҳи моҳи март дар Тоҷикистон
© Sputnik
Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки нисфи рӯзҳояш таътилиянд.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Бар асоси қонунгузорӣ Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад ва расман ин рӯзҳо истироҳат мебошанд. Дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.