Меъёрҳои ҳифзи рақобат дар ИИАО такмил меёбанд

Дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ба бархе аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии иттиҳодия тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тартиби баррасии аризаҳо, гузаронидани тафтишот, баррасии парвандаҳо ва усулҳои ҷарима ва арзёбии вазъи рақобат дар ҳудуди иқтисодии АвруОсиё такмил дода мешавад.
Ба иттилои КИАО, ба ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ба санадҳои танзимкунандаи тартиби назорати риояи қоидаҳои умумии рақобат дар бозорҳои фаромарзӣ пешниҳод гардиданд.
Бар асоси меъёрҳои ҷадид, ариза дар бораи вайрон кардани қоидаҳои умумии рақобат дар бозорҳои фаромазрӣ акнун метавонад ба Комиссия бо ҳар забони расмии кишвари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо тарҷумаи ҳатмӣ ба забони русӣ пешниҳод карда шавад. Тартиби тасдиқи чунин тарҷума соддатар шудааст.
Миёни кишварҳои ИИАО Қазоқистон аз рӯи суръати афзоиши касри буҷа пешсаф шуд
Асоси иловагии қатъ намудани тафтишот ворид шудаанд, аз ҷумла мавҷудияти қарори ниҳоии раёсати Комиссия дар мавриди вайрон кардани қоидаҳои умумии рақобат дар бозорҳои фаромарзӣ нисбат ба ҳамон шахсон, дар ҳамон асос ва предмет мебошад.
Илова бар ин, баҳс дар бораи он, ки рӯзи ошкор шудани қонуншикании давомдор кадом хоҳад буд, хотима дода шуд. Ин рӯз санаи баровардани қарор дар бораи гузаронидани тафтишот мебошад.
Ин барои ҳисоб кардани мӯҳлати даъво барои таъқиб зарур аст. Тағйиру иловаҳо ба Методи баҳодиҳии вазъи рақобат аз нуқтаи назари таҳлили бозор ҳангоми баррасии аломатҳои рақобати беинсофона низ дахл доранд.
Акнун дар доираи тафтиш муайян кардани ҳайати субъектҳои соҳибкорӣ метавонад бо муқаррар намудани аризадиҳанда, вайронкунанда ва муносибатҳои рақобатии онҳо маҳдуд карда шавад.