ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон барои ҷоннок намудани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, беҳсозии фаъолияти ҳамаи сохторҳои соҳаи геология, ҷалби сармоя ва ворид намудани техникаю технологияи муосири соҳа дастур додаст.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ахири ҳукумат баён дошта, гузаштан ба низоми муосири рақамӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳоро таъокид намудаст.
Аъзои ҳукумат инчунин ҳисоботи сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, Илҳомҷон Оймуҳаммадзодаро дар бораи натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шуниданд.
Вай изҳор доштаст, ки ниҳоди тобеяш омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро аз рӯи 56 лоиҳа дар иншооти корҳои минтақавӣ идома медиҳад.
"Дар давраи солҳои 2018-2023 корҳои шартномавиро низ аз руи зиёда аз 1200 лоиҳа ба маблағи 118,2 млн сомонӣ иҷро намудааст", - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон дар пайи шунидани ҳисобот изҳор доштааст, ки истихроҷ ва коркарди маъданҳо ба хусус маъданҳои нодир метавонад ба яке аз муҳимтарин роҳҳои рушди иқтисоди миллии кишвар табдил ёбад.
Маврид ба зикр аст, ки содироти металҳои гаронбаҳо ва маъдану консентратҳо яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон шудааст.