ДУШАНБЕ, 28 фев— Sputnik. Намояндагони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) қасд доранд, механизми маблағгузории ҳамкориҳоро дар ин иттиҳодия роҳандозӣ кунанд.
Дар ин бора дар ҷаласаи навбатӣ оид ба дастгирии ҳамкориҳои саноатӣ дар КИАО, ки дар Палатаи савдо ва саноати Русия баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кор бо лоиҳаҳои кооператсияи корхонаҳои ИИАО такмил дода шуда, пешниҳодҳо оид ба таблиғи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти он низ баррасӣ гардиданд.
Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи коршиносӣ барои баррасии тарҳҳои муштараки ҳамкорӣ ташкил мешавад.
Дар робита ба ин, раиси Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Русия оид ба сиёсати молиявӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ Владимир Гамза доир ба сохтор ва тартиби фаъолияти он пешниҳодҳо ироа намуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки иттиҳодияи иқтисодӣ ният дорад мушкилоти тиҷоратро зери назорати доимӣ гирад.
Намояндагони соҳибкорон масъалаҳои ҳамкорӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё дар Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Соҳибкорон аз ҷониби ҷомеаи тиҷоратӣ мушкилоту пешниҳодҳои худро иброз доштанд, ки комиссия ваъда дод, бо ҷалби шӯъбаҳои дахлдори соҳа роҳи ҳалли онҳоро пайдо кунад.