Рубл гарон ва доллару евро дар Тоҷикистон арзон шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули Русияро дар қаламрави ҷумҳуриявӣ боло бурда, арзиши доллари амрикоӣ ва асъори аврупоиро нисбатан арзон муқаррар кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Қурби ҳазор рубли русӣ дар бозори арзии Тоҷикистон 119 сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбати рӯзи қабл каме афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри нархномаҳои асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, асъори калидии ғарбӣ поин рафта, нархи 1 евро - 11. 8958 сомонӣ ва доллар 1 доллари ИМА - 10.9578 сомонӣ муқаррар шудаст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.9578 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8958 то 12.05 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 119 то 121 сомонӣ арзёбӣ гардидаст.
Қонуни афви дороӣ дар Тоҷикистон як соли дигар тамдид шуд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва музди меҳнатро бо рубл мегиранду ба Ватан мефиристанд ва хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
БМТ огоҳ кардааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.