ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) қариб ба 2,4 трлн доллар расид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта қариб ба 130 млрд сомонӣ ё ҳудуди 12 млрд доллар расидаст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, нишондоди рушди иқтисоди кишвар дар соли гузашта ба зиёд аз 8% расидаст.
ММД-и кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон
Нишондоди рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои узви ИААО қариби 4%-ро ташкил додаст. Чунин маълумот дар давраи аз январ то декабри соли 2023 сабт шудаст, омадааст дар гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
Дар шарҳи рушди ММД омадааст, ки аз ҷумла рушди маҳсулоти саноатӣ - 3,7 %, ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ - 8,6 % ва муомилоти моли чакана - 6,6% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин афзоиши муомилоти бор дар ин давра дар Қирғизистон - 8,2 % Қазоқистон - 3,1%, мусофиркашонӣ дар Арманистон - 63,3%, Русия - 12,8% ва Беларус - 7,8% зиёд гардидаст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сарфи назар аз омилҳои манфии солҳои ахир, аз ҷумла паҳншавии бемории коронавирус низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносиботи байналмилалии иқтисодию молиявӣ даст ёфтаанд, ҳаҷми иқтисодро аз 37,2 млрд-и соли 2017 ба ба ҳудуди 130 млрд сомонӣ расонанд.