Омодагӣ ба ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар "Сириус" - аксҳо

Омодагиҳо ба ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар қаламрави "Сириус", ки даҳҳо ҳазор намояндаро аз кишварҳои мухталиф ба ҳам меорад, идома дорад
Sputnik
1 / 8

Ҷашнвора аз 1 то 7 марти соли 2024 дар қаламрави федералии "Сириус" баргузор мешавад.

2 / 8

То ҳол теъдоди умумии иштирокдорон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.

3 / 8

Ҳадафи ҳамоиш, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ гуфта мешавад.

4 / 8

Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон бузургтарин чорабинии ин қишри ояндасоз дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин баргузор мешавад.

5 / 8

Омодагиҳо барои ҷашнвора босуръат идома дорад.

6 / 8

Тоҷикистонро низ дар ҷашнвора ҳудуди 270 ҷавон намояндагӣ мекунанд.

7 / 8

Ризокорон ба қабули намояндагони кишварҳои мухталиф омодагӣ мебинанд.

8 / 8

Пайкараи Чебурашка дар қаламрави "Сириус", ки дар ҳоли омодагӣ ба ҷашнвора қарор дорад.