ММД кишварҳои ИИАО ба 2,4 трлн доллар расид

Дар фазои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли саноат, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва муомилоти моли чакана афзуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 февр — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба 2,4 трлн доллар расид.
Чунин маълумот дар давраи аз январ то декабри соли 2023 аз гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё бармеояд. Тавре дар шарҳи таҳлилии нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ зикр гардид, ММД 3,8 % афзуд.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 афзоиш ба қайд гирифта шудааст:
маҳсулоти саноатӣ - 3,7 %;
ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ - 8,6 %;
муомилоти моли чаканафурушӣ - 6,6%
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 тибқи ҳисобҳои пешакӣ 2391,9 млрд долларро ташкил дод.
Ҳамзамон, афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаи охири соли 2022, 103,8 % ташкил дод.
Афзоиши муомилоти бор дар ин давра дар Қирғизистон - 8,2 % Қазоқистон -3,1% ташкил дод.
Ҳамчунин, мусофиркашонӣ дар Арманистон - 63,3%, Русия - 12,8% ва Беларус - 7,8% афзуд.