Худоёрзода аз сатҳи баланди ташкили интихобот дар Беларус гуфт

Раиси Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон аллакай бо раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус мулоқот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ дар Беларус қарор дорад.
Дар ин бора Sputnik Беларус хабар дода, афзуд, ки ҷаноби Худоёрзода бо раиси Комиссияи марказии интихоботи он кишвар мулоқот кард.
Зикр гардид, ки Бахтиёр Худоёрзода сатҳи баланди ташкили раванди интихоботро дар Беларус қайд кард.
Тоҷикистон дар Минск хонаи тиҷоратии худро таъсис доданист
Зимнан, Виктор Селиверсттов, ҳамоҳангсози ҳайати ноҳирон низ қайд намуд, ки нозирони Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия низ сатҳи баланди ташкили интихоботи вакилон дар Беларусро қайд мекунанд.
Ҳамоҳангсози ҳайати нозирон гуфт, ки аъзои он дирӯз вориди Беларус шуданд ва аллакай тавонистанд бо ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва ташкили овоздиҳии пешакӣ дар Минск ошно шаванд.
"Ҳама кор ба дараҷаи баланд ташкил карда шудааст", - афзуд ӯ.
Селиверстов зикр кард, ки дар рафти интихобот дар Беларус қариб 300 нафар нозирони хориҷӣ ва 4,5 ҳазор нозири миллӣ кор мекунанд, ки ин аз ошкорбаёнии маърака шаҳодат медиҳад.
Дар Беларус барои нахустин бор интихоботи палатаи поёнии парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ дар як рӯзи овоздиҳӣ – 25 феврали соли 2024 баргузор мешавад.
Овоздиҳии пеш аз мӯҳлат рӯзи сешанбе оғоз шуд ва то 24 феврал бо назардошти он идома хоҳад кард. Умуман, зиёда аз 6,9 млн нафар ба рӯихати интихобкунандагон дохил карда шудаанд.