Иштибоҳ карданд: коршиноси тоҷик дар бораи боздошти узвияти Арманистон дар СПАД гуфт

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштибоҳи сиёсӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар СПАД иштибоҳ аст.
Дар ин бора Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ба РИА "Новости" хабар додааст.
"Тасмими Арманистон дар бораи боздоштани узвият дар СПАД пеш аз ҳама иштибоҳи сиёсӣ аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Арманистон солҳои тӯлонӣ узви СПАД буда, имтиёзҳо ва кумакҳои низомию фаннӣ дарёфт мекунад ва ин тасмим бештар аҷиб ба назар мерасад.
“Баромадан аз СПАД тарки худ кардан аст”,- мегӯяд Сафаров.
"Онҳо бояд баргарданд, аммо бо иваз шудани роҳбарияти кишвар - сарвазир ва президент", - афзуд сиёсатшинос.
Тавре сарвазири Арманистон Никол Пашинян қаблан гуфта буд, Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар бораи Арманистон иҷро нашуд ва Ереван ширкати он дар ин созмонро мутаваққиф кард.
Арманистон ширкати худро дар СПАД мутаваққиф кардааст
Ба СПАД шаш кишвар шомиланд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.
Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу дар поёни моҳи май ба аҳамияти ширкати ҷониби Арманистон дар фаъолиятҳои муштараки омодагии амалиётӣ ва ҷангӣ дар чаҳорчӯби СПАД ишора кард.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи дурнамои ширкати Арманистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки Федератсияи Русия муколамаро бо дӯстони арманӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД идома хоҳад дод.