ИИАО ҳамкориҳоро бо кишварҳои босуръат рушдёбандаи Ҷануби Ҷаҳонӣ инкишоф медиҳад

Минтақаи умумии савдои озоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо кишварҳои дигар беш аз 2 миллиард истеъмолкунандаро фаро мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳамкориҳоро бо кишварҳои босуръат рушдкунандаи Ҷануби Ҷаҳонӣ густариш медиҳанд.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев дар форуми "Ғояҳои қавӣ барои замонҳои нав" изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
Ба гуфтаи ӯ, василаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ созишномаҳои тиҷоратӣ, логистика, молия ва фанноварӣ мебошанд.
Слепнев қайд кард, ки дар давоми як соли охир савдо тақрибан 10% афзоиш ёфта, рекорди дигар ба даст омад - ва ҳамаи ин дар шароити таҳримҳо ва маҳдудиятҳо. Ҳисоббаробаркуниҳои байниҳамдигарӣ бо пули миллӣ аз 90% гузашт.
Азми ИИАО барои безараргардонии нақлиёт барои иқлим
Қобили зикр аст, ки минтақаи умумии савдои озоди ИИАО бо кишварҳои дигар беш аз 2 миллиард истеъмолкунандаро фаро мегирад.
Вай бахусус таъкид кард, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҷаҳон ҳамфикрони зиёде дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) коҳиш ёфтааст.
Чунин маълумот дар охири моҳи декабри соли 2023 сабт шудааст. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин санаи соли 2022 13,9% коҳиш ёфтааст.
Теъдоди бекороне, ки дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, 709,8 ҳазор нафарро ташкил дод.