Баргузории Фестивали афсарону сарбозон дар пойтахти кишвар

Мақомот масъулинро барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии артиши Тоҷикистон ва баргузории Фестивали афсарону сарбозон вазифадор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар заминаи он баргузории чорумин Фестивали афсарону сарбозон таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода вобаста ба баргузории Фестивали афсарону сарбозон ва дигар чорабиниҳо бахшида ба Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вазифгузориҳо кард.
Дар идома Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсозӣ чорабинӣ вазифадор гардид, ки чиҳати назорат ва баргузории чорабиниҳои маърифативу фархангӣ ва варзишии дохилифестивал чораҷӯӣ намуда, бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкории муштаракро ба роҳ монанд.
Се омили қудрати артиши Тоҷикистон: назари коршинос
Ёдовар мешавем, мешавем, ки чанде пеш шаҳрдорӣ эълон карда буд, ки дар шаҳри Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки 23 феврали соли равон ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Бахшида ба он ташкили конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, маросими қадрдонии хизматчиёнӣ ҳарбӣ барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, расонидани кумаки моддӣ ба ятимон дар сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигар то рӯзи ҷашн ба нақша гирифта шудаанд.